Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиш дар мавриди коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ


r

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки сарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон мавсум ба гуруҳи ҳашт дар масъалаи коҳиши қобили таваҷҷӯҳи партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ба созиши муввафақиятомезе даст ёфтаанд.


Пештар аз ин нахуствазири Бритониё Тонӣ Блейр ибрози итминон кард, ки сарони ин кишварҳо дар робита ба коҳиши 50 дар садаи ихроҷи газҳои гулхонаӣ то соли 2050 ба тавофуқ хоҳанд расид.


Сарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон имрӯз гуфтугуҳоро дар шаҳри Ҳайлгендеми Олмон шурӯъ карданд. Ба изофаи тағйироти иқлим, сарнавишти ояндаи минтақаи Косовои Сербистон, барномаи ҳастаии Ирон аз масоили гуфтугуи сарони кишварҳои гуруҳи 8 аст.


Ин нишаст, ҳамчунин ҳазорон тазоҳургари зидди ҷаҳонишавиро ба шаҳри Ҳайлгендам кашидааст, ки пулиси Олмон имрӯз барои пароканда кардани онҳо аз мошинҳои обпошӣ истифода кард.
XS
SM
MD
LG