Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафрат ҳамчун омили мардумозорӣ


Human Rights First дар тафовут бо созмони Human Rights Watch як ниҳоди дигари байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон аст, ки аз соли 1978 ба ин сӯ вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар ҷаҳон дидбонӣ мекунад ва дар ҳар гузориши солонааш масъалаҳои муайянро дар кишварҳои муайян муфассалтар ба баррасӣ мегирад. Созмони Аввал ҳуқуқи инсон тамоми ҷиноятҳои марбут ба нафрати нисбати дигаронро ба се даста ҷудо кардааст.
Инҳо ҳамлаҳои нажодпарастона, бетаҳаммулии мазҳабӣ ва хушунат бо ақаллиятҳои ҷинсӣ ва маъюбон.

Далелҳое ки пажӯҳишгарони Созмони Аввал ҳуқуқи инсон ҷамъоварӣ кардаанд, афзоиши ин навъ зӯровариҳоро дар бисёре аз қисматҳои ҷаҳон ва махсусан дар Аврупо нишон медиҳанд. Вале тамаркуз на ба омор шудааст, балки ба ангезаҳои ин афзоиш ва бархӯрди ҳукуматҳо ба он. Ин ҷо низ хулосаи созмон нигаронкунанда аст, зеро гуфта мешавад, танҳо се кишвар -- Фаронса, Олмон ва Бритониё ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши ин фактҳо машғул шуда, давлатҳои дигар ба он эътибор намедиҳанд. Дар бархе аз кишварҳо, монанди Русия ва Укроин айбдоршавандагони ҳамлаи нажодпарастона тақрибан беҷазо мемонанд ва ё бо ҳукмҳои сабук ва рамзӣ озод мешаванд. "Ин аломати бепарвоии ин ҳукуматҳо ба ҷиноятҳое мебошанд, ки пояҳои ахлоқии ҷомеаро тахриб мекунанд," мегӯяд Морин Бирнес, мудири иҷроии Созмони Аввал ҳуқуқи инсон.

Вай меафзояд, ба муносибати нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи саноатӣ дар Санкт-Петербурги Русия дар моҳи июли соли гузашта Созмони Аввал ҳуқуқи инсон ду гузориши муфассал, яке дар бораи афзоиши бегонаситезӣ дар Русия ва дигаре вижагиҳои масъала дар худи шаҳри Санкт-Петербургро омода карда, ба президенти Русия Владимир Путин фиристода буд. Дар посух ба ин гузоришҳо Путин гуфт, бояд мубориза бо ин навъи ҷиноятҳо аз тариқи низоми адлия тақвият ёбад. Ва дар ҳақиқат чанд муҳокимаи пурсарусадо ҷараён гирифт. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба муҳимтарин намунаҳо, ки аз нигоҳи Созмони Аввал ҳуқуқи инсон парвандаи қатли духтарчаи нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова ва донишҷӯ аз Перу Енрике Ҳуртадо мебошанд, дар ҳарду ҳолат низ айбдоршавандаҳои қатл бо ҷазои авбошӣ раҳо шуданд.

Таҳаввули дигар, ба ақидаи пажӯҳишгарони Созмони Аввал ҳуқуқи инсон ин аст, ки дар хушунат бо дину мазҳаби бегона, агар дар гузашта ҳамла ба моликияти намояндагони ин адён зиёд буд, ҳоло ҳарчи бештар худи намояндагони ин адён ҳадафи зарбулат ва тавҳин қарор мегиранд. Барои намуна, 23-юми сентябри соли 2006 гурӯҳе аз ҷавонон дар Ярослави Русия замоне ба масҷид ҳамла карданд, ки дар он мусулмонон дар намози ҷамоа оғози моҳи муқаддаси Рамазонро таҷлил мекарданд. Ҳамлаварон бо партоби шишаҳои бензин масҷидро оташ заданд. Дар худи ҳамин шаб, дар Хабаровск, чунин як гурӯҳи ҷавонону наврасон ба канисаи яҳудиён ҳамла кард. Дар Бритониё ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмонии зидди яҳудиён ва дар Фаронсаву Олмон хушунати зидди муҳоҷирон рӯ ба афзоишанд. Навъи дигаре аз нобурдбории рӯзафзун дар бисёре аз бахшҳои Аврупо дар нисбати ҳамҷинсбозон ба мушоҳида расидааст. Танаффур ба онҳо махсусан дар ҷашнвораҳои гейҳо дар Маскав, Бухорест, Варшава, Рига ва Таллинн дида шуданд.

Созмони Аввал ҳуқуқи инсон ба ҳамаи ҳукуматҳо тавсия додааст, қонунҳои зидди нафрат ва таассубро тақвият дода, корбурди ин қонунҳоро зери назар гиранд ва бо таъсиси шабакаҳои расмӣ вазъи масъаларо пажӯҳиш ва натиҷаҳои пажӯҳишро нашр кунанд.
XS
SM
MD
LG