Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эшони Дароз боздошт шудааст


fr

Ходимони интизомии Тоҷикистон Фатҳуллои Хайриддин мулаққаб ба эшони Дароз - аз фармондеҳони саршиноси неруҳои Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷикро бо иттиҳоми ширкат дар қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд.


Абдул Розиқов, муовини сардори раёсати мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боздошти эшони Дарозро таъйид карда гуфт, ин амалиёт дар ду рӯзи қабл дар роҳи миёни ноҳияи Ваҳдат ва Душанбе сурат гирифтааст. Оқои Розиқов гуфт, эшони Дароз дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққат ва таҳти тафтиши муқаддамотӣ қарор дорад. Аммо вай ба хотири науфтодани халал дар ҷараёни тафтишот аз ироаи ҷузъиёти бештари қазияи боздошти ин фармондеҳи пешини оппозисиюни тоҷик худдорӣ карданд.


Фатҳуллои Хайриддин, мулаққаб ба эшони Дароз дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997-и Тоҷикистон яке аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи оппозисиюни тоҷик дар ноҳияи Ваҳдат буд, ки ба қумандони дигари оппозисиюни тоҷик мулло Абдулло итоат мекардааст. Баъди напазируфтани шароити Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ аз сӯи мулло Абдулло, эшони Дароз яке аз аввалин фармондеҳони мухолифини тоҷик будааст, ки якҷо бо размандагонаш бо нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамоиш мекунад. Ӯ аз ҳисоби саҳмияи сидарсадӣ як баталони махсуси вазорати дохиларо дар ноҳияи Ваҳдат то чанд муддат роҳбарӣ карда ва тибқи иттиллои манобеи мустақил, дар амалиёти саркӯбӣ ва маҳви неруҳои вафодор ба Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов - ду тан аз фармондеҳони мухолифин, ки бо ҳукумати марказӣ дар тобистони соли 2001 даргир шуда буданд, ширкат кардааст. Падари ӯ эшони Хайриддин то чанд муддат раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ноҳияи Ваҳдат будааст.


Гуфта мешавад, эшони Дароз то моҳи марти соли равон дар идораи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар навоҳии тобеъи марказ қумандонии як гурӯҳи вижаи зудамалро ба ӯҳда доштаааст. Дар ин муддат ӯ соҳиби рутбаи низомии сарҳанги умури дохила низ шудааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG