Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генплан"-ҳои олимпӣ


Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар бо номи "Маркази ҳуқуқи маскан ва ихроҷ", ки қароргоҳаш дар шаҳри Женева мебошад, навиштааст, дар ҷараёни омодагиҳо ба бозиҳои олимпии тобистони соли 2008-ум тақрибан яку ним миллион сокини пойтахти Чин ва гирду атрофи он маҷбур ба тарки макони доимии зист шудаанд. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки беш аз ҳама мардуми камбизоат зарар дидаанд, зеро дар ҷои маҳаллаҳои онҳо акнун стадионҳои бузургу зербинои он бунёд мешавад. Раиси "Маркази ҳуқуқи маскан ва ихроҷ" Жан Дуплесис мегӯяд, риққатовар ин аст, ки аксари мардуми беҷо шуда бо маскани шоиста таъмин нашудаанд.

"Дар ҳолатҳои берун аз ҷангӣ ин вазнинтарин захмест, ки ба оила ва ё ҷамоа расонида мешавад. Бо санадҳои собит шудааст, ки кӯчонидани иҷборӣ бадтарин ҳодиса дар ҳаёти ҷамоаҳо мебошад".

"Маркази ҳуқуқи маскан ва ихроҷ" иддаои мақомоти Чин дар бораи таъмини хонаҳои муносиб ба мардуми беҷошударо зери суол гузоштааст.

Мансабдорони Чин ба зудтарин фурсат гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи башарро рад карданд.

Вале бехонаву дар намудани мардум дар арафаи мусобиқаҳои бузурги варзишӣ дар дигар шаҳру манотиқ ҳам борҳо мушоҳида шудааст. Масалан, ба навиштаи "Маркази ҳуқуқи маскан ва ихроҷ" дар ҷараёни омодагиҳо ба бозиҳои олимпии тобистони соли 1988 тақрибан 750 ҳазор сокини пойтахти Кореяи ҷанубӣ иҷборан ба ҷойҳои дигар кӯчонида шуданд.

Дуплесис таъкид мекунад, ки набояд ягон мусобиқаи байналмилалии варзишӣ ва ё иҷтимоӣ боиси ихроҷи мардум аз макони доимии зисташон гардад. Номбурда шаҳри Ванкувери Канада, мизбони бозиҳои олимпии зимистони соли 2010-умро намунаи эҳтироми ҳуқуқи мардум меномад, зеро дар Кумитаи ташкилии мусобиқа дар ин шаҳр ҳаъйати махсусе бо рафъи ҷанбаҳои манфии олимпиада машғул аст.

Сарфи назар аз хароҷоти бузург ва ихтилофҳо рӯи бунёди зербинои варзишӣ довталаби бозиҳои олимпӣ хеле зиёд аст. Моҳи оянда Кумитаи байналмилалии олимпӣ мизбони бозиҳои зимистонаи соли 2014-умро муайян мекунад. Аз се довталабе, ки дар сабқат боқӣ мондаанд, яъне Пхен-Чанги Кореяи Ҷанубӣ, Сочии Русия ва Залтсбурги Австрия, ҳайъати нозирони Кумитаи байналмилалии Олимпӣ Пхен-Чангро дар ҷои аввал гузоштааст. Агар Пхен Чанг ба мизбонии бозиҳо сазовор дониста шавад, ин севумин шаҳри қораи Осиё хоҳад буд, ки дар он олимпиадаи зимистона баргузор мешавад. То ин вақт фақат ду шаҳри ҷопонӣ: Саппоро дар соли 1972 ва Нагано дар соли 1998 мизбонии бозиҳои зимистонаи олимпиро бар дӯш доштаанд.
XS
SM
MD
LG