Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи эътирозгарон ба нишасти G8


Нишасти сарони ҳашт кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон, маъруф ба гурӯҳи G-8, ки Амрико, Канада, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё ва Ҷопону Русияро дар бар мегирад, дар Олмон дар пасманзари як силсила намоишҳои эътирозӣ оғоз ба кор кард. Чандсад тан аз тазоҳургарон тавонистаанд панҷараи амниятиеро, ки дар 12-километриии маҳалли нишаст гузошта буданд, убур кунанд. Пулис дар муқобили тазоҳургарон, ки бино ба хабарҳо, алайҳи посгоҳҳои пулис сангандозӣ мекарданд, аз гази ашковар истифода бурдааст.

Нишасти имсолаи G-8 дар Ҳелигендамм, минтақае воқеъ дар соҳили баҳри Балтик, қарор аст, рӯи масоили тағйири иқлим, кӯмак ба Африқо, тиҷорати байналмилалӣ, Эрон, Косово ва Ховари Миёна тамаркуз кунад. Мақомоти Олмон, мизбони нишасти кунунӣ аммо мунтазири ба натоиҷи бузурге дар масоили гармшавии ҷаҳон ва ё кӯмак ба кишварҳои қораи Африқо даст ёфтани ин ҳамоиш набудаанд. Таваҷҷӯҳи аслӣ, ба ин далел, дар мулоқоти Ҳелигендамм ба дидори рӯзи ҳафтуми июн ду муттаҳиди собиқ, руъасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Ҷорҷ Буш ва Владимир Путин аст, ки дер боз ҳамдигарро рӯбарӯ надидаанд.

Ҷорҷ Буш панҷуми июн дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех гуфт, Русия набояд аз низомҳои зиддимушакии Амрико биҳаросад ва баръакс бояд дар ин замина ҳамкорӣ кунад. Оқои Буш гуфт, ин паёмро ба ҳамтои русаш дар ин нишаст хоҳад расонд. Аммо соъоте баъд дар як анҷумани масоили амният ва демократия, ки низ дар Прага барпо шуд, президенти Амрико Русияро ба маҳзи берун рафтанаш аз роҳи ислоҳоти демократӣ ба боди шадиди танқид кашид:

"Дар Русия, ислоҳоте, ки як вақт ба мардум ваъда карда буданд, ба таври барои пешрафти демократия нигаронкунанда аз роҳ берун шудааст. Баррасии ошкори ихтилофи назарҳо низ бахше аз равобити хуб аст. Аз ин рӯ, Амрико равобиташ бо ин кишварҳоро идома медиҳад, вале мо дар ин роҳ аз принсипҳо ва арзишҳоямон сарфи назар нахоҳем кард."

Путин низ ба навбаи худ, тайи рӯзҳои охир дар қиболи Амрико ва Ғарб бо лаҳни тунд сӯҳбат мекунад. Ӯ аз ҷумла гуфта, ки Амрико бо таъқиби барномаи истиқрори низомҳои зиддимушакиаш дар Аврупо вазъияти куллии амнияти байналмилалиро тағйир медиҳад ва масъулияти ин амал бар дӯши худи Вошингтон хоҳад буд. Маскав мегӯяд, системҳои зиддимушакие, ки дар Полшаву Чехия мустақар мекунанд, мустақиман бар зидди Русия нигаронида шудааст. Аммо Вошингтон посух дода, ки ҳадаф кишварҳои ба истилоҳ шариранд.

Мизбони нишасти Ҷи-8, садри аъзами Олмон Ангела Маркел ҳамаи ҷонибҳоро ба сӯи хештандорӣ хонда, гуфтааст, ӯ бештар мунтазири баҳсҳои созанда аст, на сӯзанда. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ҳеллигендамм гузориш медиҳад, ки мулоқоти Ангела Меркел бо Владимир Путин шоми чоршанбе, қабл аз зиёфати расмие, ки барои сарони Ҷи-8 хоҳанд дод, баргузор мешавад. Аммо пас аз мулоқоти мизбони Ҷи8 бо Ҷорҷ Буш, ки бино ба хабарҳо, як мавзӯъи аслиаш баҳси пешниҳодҳои ахир дар мавриди роҳҳои ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим будааст.
XS
SM
MD
LG