Пайвандҳои дастрасӣ

Размандагони зиндонии оппозисюн дархости афв кардаанд


yv

Шуморе аз размандагони оппозитсиюни собиқ, ки феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, хостори бахшиши гуноҳҳояшон шуда ва унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин иртибот як номаи дархостӣ ирсол кардаанд. Дар ин нома маҳбусон хоыиш кардаанд, ба муносибати 10-умин солгарди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раиси ҷумҳур гуноҳи онҳоро афв кунад ва онҳо ба озодӣ бароянд.


Шумори дақиқи маҳбусин, ки зери номаи дархостӣ дар бораи афв имзо гузоштаанд, маълум нест, аммо ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, номаи мазкур аз номи ҳудудан 400 узви оппозитсиюни собиқи ҳукумати Тоҷикистон ба унвони раиси ҷумҳур ирсол шудааст. Масъули шӯъбаи номаҳои дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳур Абдулқодир Улфатов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки номаи ин гурӯҳи маҳбусин бо дархости афви гуноҳҳо ва раҳоӣ аз зиндон ба маъмурияти раиси ҷумҳур расидааст ва дар ҳоли ҳозир раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон ин номаро мавриди омӯзиш қарор додааст. Оқои Улфатов аз шарҳи бештари масъала худдорӣ кард. Вай афзуд, тафсилоти дигар оид ба мавзӯъ ва мӯҳтавои мактуб ва исми муаллифони он пас аз шиносоии пурра бо матни нома ироа хоҳад шуд.


Ҳамзамон Халифабобо Ҳомидов, мудири шӯъбаи кафолати конститутсионӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур гуфт, эълони афв салоҳияти истисноии раиси ҷумҳур аст ва дар ин иртибот танҳо Эмомалӣ Раҳмон метавонад тасмим бигирад. Нусхаи номаи дархостии мухолифони собиқи зиндонӣ дар бораи мусоидат ба афв, ба Маҷлиси намояндагон ва раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ низ ирсол шудааст.


Дар ҳамин ҳол, Ҳикматулло Сайфуллозода, узви шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 300 нафар аз мухолифини собиқ бо ҷурмҳое, ки дар солҳои 1992-1997 содир кардаанд, дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд ва ин дар ҳоле ки тибқи қонуни афви умум, бояд гуноҳи онҳо бахшида мешуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG