Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиряхҳо ҳам об мешаванд


ка

Солҳои ахир дар Тоҷикистон беш аз пеш обшавии пиряхҳо мушоҳида мешавад.


Онгуна, ки Алишер Ҳомидов, корманди Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дирӯз, панҷуми июн, дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, обшавии пиряхҳои «Зарафшон» ва «Федченко»- и Помир хатари хоссаеро ба бор овардаанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, барои мисол, тибқи натоиҷи тадқиқоти соли 2005 рушан шудааст, ки бузургтарин пиряхи Тоҷикистон «Федченко» аз андозаҳои аввалияи худ ба ҳаҷми як километр кам шудааст.


Дар ҳамин ҳол, бино ба пешгӯии мутахассисон, дар Тоҷикистон то миёнаҳои қарни 21 имкон дорад ҳаҷми пиряхҳо то 450 километри мукааб кам шаванд. Коршиносон ҳамчунин гуфтаанд, ки обшавии башиддати пиряхҳо натиҷаи боло рафтани ҳарорати ҳаво на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сайёра аст.


Бар тибқи гузориши ахири Созмони Милали Муттаҳид, обшавии пиряхҳо ба ҷуз аз Тоҷикистон дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ ба чашм мерасад.
XS
SM
MD
LG