Пайвандҳои дастрасӣ

«РусАл» худро бегуноҳ меҳисобад


FM

Ширкати русии «РусАл» иддаъои ширкати «ТАЛКО» ва ё «Ширкати алюминиюми тоҷик» дар мавриди ворид намудани хисорот ба ин ширкатро қатъан рад кард.


Ҳафтаи гузашта «ТАЛКО аз болои «РусАл» ба додгоҳи Лондон даъво бурдааст, ки ин ширкати русӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати тоҷикистонии «Ансол» ба "Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон" ба маблағи ним миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид кардааст.


Ёдовар мешавем, аз ин пеш ширкати «Ансол» низ аз болои «РусАЛ» ба додгоҳи Лондон шикоят карда буд, ҳарчанд баъдан ҷонибҳо созиш ҳосил карданд ва он дафъа «Ансол» аризаи худро аз додгоҳ бозхонда буд.
XS
SM
MD
LG