Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

30 моҳи зиндон - барои шаҳодати бардурӯғ


Собиқ ёвари ноиби раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Дик Чейнӣ - Люис Либби барои шаҳодати бардурӯғаш дар додгоҳ ва мухолифат ба адолати додгоҳӣ ба 30 моҳи зиндон маҳкум шуд.


Ҳанӯз моҳи март додгоҳ муқаррар кард, ки Либбӣ ба тафтиши беғаразонаи парвандаи ошкор шудани ному насаби корманди Хадамоти марказии кашшофии ИМА СIА Валери Плейм халал расонидааст.


Бо ҳукми додгоҳ Люис Либби бояд ҳамчунин ба маблағи 250 ҳазор доллар ҷарима пардозад. Люс Либби воломақомтарин мансабдори амрикоист, ки таййи 25 соли ахир муттаҳам ва маҳкум ба зиндон шудааст.
XS
SM
MD
LG