Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи нишасти сарони <I>G8</I>


Ҷорҷ Буш, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, баъди музокирот бо мақомоти Ҷумҳурии Чех ва ширкат дар як конфаронси байнулмилалӣ шоми дирӯз вориди Олмон шуд.


Имрӯз, 6-уми июн, дар шаҳраки Ҳелдингам, воқеъ дар канори баҳри Балтик, нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи олам шурӯъ хоҳад шуд.


Дар ҳамин ҳол, дирӯз Ҷорҷ Буш дар шаҳри Прага дар мавзӯъи бунёди пойгоҳи радарии Амрико дар қаламрави Ҷумҳурии Чехро бо раисиҷумҳур ва сарвазири ин кишвар баррасӣ кард. Дар конфаронс дар мавзӯъи демократия ва амният раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла, гуфт, ки Русия аз ислоҳоти эълоншуда канор рафтааст ва ин ба рушди демократия дар кишвар таъсири манфӣ гузоштааст.


Президенти Амрико ҳамчунин гуфт, ки риояи ҳуқуқи башар аз шартҳои калидии таъмини амнияти байнулмилалист.
XS
SM
MD
LG