Пайвандҳои дастрасӣ

Буш дар Прага. Путин дар изтироб


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин таҳдид кард, ки агар ин тарҳи Иёлоти Муттаҳида амалӣ шавад, мушакҳои Русия ба сӯи кишварҳои аврупоӣ нигаронида хоҳанд шуд.

Ҷорҷ Буш субҳи сешанбе, панҷуми июн, бо раиси ҷумҳур Васлав Клаус ва нахуствазири ҷумҳурии Чех Мирек Тополанек, ки хоҳони ҷойгир кардани радарҳо ва 200 сарбози амрикоӣ ҳастанд, мулоқот кард. Ҳарсе баъд аз нишаст бо хабарнигорон суҳбат доштанд. Ҷорҷ Буш бо ишора ба мухолифатҳои Русия гуфт, ин кишвар набояд аз истиқрори сипари ҳавоӣ тарс дошта бошад, зеро он сипари сирф худдифоъист ва на ба зидди Русия, балки ба зидди душманони ба қавли Буш "воқеъӣ" нигаронида мешавад.

"Яке аз ҳадафҳои сипари дифоъӣ, муҳофизати миллатҳои озод аз ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии режимҳои саркаш аст. Онҳое, ки таҳдиди воқеъӣ ба сулҳ ҳастанд. Ончуноне, ки ман ба раиси ҷумҳур Путин гуфтаам, Русия душмани мо нест. Душмани ҷомеаҳои озод ба мисли мо, тундравону ифротиён ва режими саркаше хоҳад буд, ки ба хотири доман задани идеоложии худ ба ҷаҳони озод таҳдид мекунанд."

Васлав Клаус, раисҷумҳури Чех гуфт, ки бо Ҷорҷ Буш аҳамияти ба дарки ҷомеаи кишвараш ва Русия расонидани ҳадафҳои воқеъии сипари ҳавоиро баррасӣ кардааст.

"Албатта мо масъали истиқрори пойгоҳи ҳавоии Амрико дар кишварамон ва Лаҳистони ҳамсояро баррасӣ кардем ва ман бо раиси ҷумҳур Буш дар ин масъала мувофиқ ҳастем. Муҳим аст, ки раиси ҷумҳур Буш ваъда дод, тамоми талошро мекунад, то ин масъаларо ба Русия ва раиси ҷумур Владимир Путин бифаҳмонад."

Ҷорҷ Буш бо нахуствазири собиқи Ҷумҳурии Чех Йиржӣ Парубек низ мулоқот кард, ки нерӯҳои мухолифи ӯ дар порлумон хоҳони баргузории раъйпурсии умумӣ дар мавриди истиқрори бахши сипари ҳавоии Амрико дар ҷумҳурии Чех ҳастанд.

Мухолифони тарҳи Амрико аз таъсири эҳтимолии беҳдоштӣ, амният, хатароти зистмуҳитии радарҳо нигаронанд ва ҳамчунин мегӯянд, ки пойгоҳ метавонад, ҳадафе барои террористон бошад.

Баъзеи дигар мухолифи онанд, ки пас аз ҳузури тӯлонии нерӯҳои шӯравии собиқ, нерӯҳои тозаи дигари хориҷӣ ба Ҷумҳурии Чех биёянд.

Амрико ҳамчунин қасд дорад, даҳ мушаки зиддиҳавоиро дар Лаҳистон низ ҷойгир кунад. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки ин сипари ҳавоӣ ба хотири рафъи ҳамлаҳои мушакии режимҳои саркаш ба мисли Ирон ва Куриёи Шимолӣ аст. Аммо Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти милии Ирон ин гуфтаи мақомоти амрикоиро "Шӯхии сол" хонда гуфт, ки мушакҳои Ирон қодир ба парвоз то ба Аврупо нестанд. Вале Дуг Ричардсон, муҳаррири як маҷаллаи низомӣ дар Лондон мегӯяд, ки ғолибан мушакҳои Ирон то ба баъзе аз қисматҳои Аврупо мерасанд.

"Онҳо қодиранд то ба баъзе аз бахшҳои Аврупои Шарқӣ ва ҷануби Русия бирасанд, аммо на ба дохили он кишварҳо. Агарчӣ мо доир ба мушакҳои Ирон иттилооти зиёд надорем, вале мушаки Шиҳоб -3 то 1300 километр парвоз мекунад ва шакли нави он Шиҳоб -3а то 1800 километр. Аз Ирон то ба Киев, аз Ирон то ба шаҳри Афина, ва ба тахмини ман аз Ирон то Бухарест, ҳамин қадар масофа аст."

Вале Йиржӣ Пеха, таҳлилгари сиёсии чех мегӯяд, ки сафари Ҷорҷ Буш ба Прага ҳадди аққал дар масъалаи моил кардани мардум ба истиқрори сипари дифоъӣ назар ба хубӣ зиёни бештар меорад.

"Ман эҳсос мекунам, ки сафари Буш бисёр мушкил хоҳад буд, агар натиҷаи баръакс надиҳад. Чаро ки ин паёмро касе медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Чех бисёр номаҳбуб аст. Як мушкили пойгоҳи радарии Амрико дар Ҷумҳурии Чех ва тарафдорӣ наёфтани он маҳз ба номаҳбубии Ҷорҷ Буш вобаста аст. Ба фикри ман, агар ин тарҳро ҳукумати дигаре пешниҳод мекард, бештар муввафақ мешуд."

Сокинони панҷ шаҳри наздик ба маҳалли пойгоҳи амрикоӣ дар ҷанубу ғарби Прага бо баргузории раъйпурсӣ ба таъсиси сипари ҳавоӣ мухолифат карданд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократ Йиржӣ Парубек хоҳони раъйпурсии умумӣ аст, вале нахуствазир Тополанек онро нолозим медонад. Ҳукумати Мирек Тополанек дар порлумони Ҷумҳурии Чех нисфи курсиҳоро дар ихтиёр дорад ва барои пазируфтани ин тарҳ онро лозим аст, танҳо як раъйи бештари вакили мухолифон дар порлумонро ба даст орад.
XS
SM
MD
LG