Пайвандҳои дастрасӣ

Камонварони Тоҷикистон ба сабқати ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд


Наргис Набиева, иҷрокунандаи вазифаи раиси Федеросиюни камонварии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳарду варзишгари маъруфи кишвар дар шаҳри Анталияи Туркия дар мусобиқоти байналмилалӣ, ки яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии камонварӣ маҳсуб мешавад, ширкат доштанд. Албина Камолиддинова бо касби 1258 имтиёз ва Фотима Тағоева бо касби 1214 имтиёз имкон пайдо намуданд, ки моҳи июл дар сабқати ҷаҳонӣ дар Олмон ширкат карда, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 мубориза баранд.»


Варзиши сабук. Варзишгарони Тоҷикистон Дилшод Назаров ва Галина Митяева дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Узбакистон дар шаҳри Тошканд дар навъи гурзандозӣ медалҳои тилло ба даст оварданд.

Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 76 метру 96 сантиметр ҳаво дода, байни мардон ҷойи аввалро касб кард. Галина Митяева бо натиҷаи 55 метру 83 сантиметр дар сабқати занон пирӯз шуда, рекорди шахсӣ гузошт. Вай, инчунин меъёри устоди варзиши Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Дилшод Назаров ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки ахири моҳи август дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Ҳадафи аслии гурзандози маъруфи тоҷик ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин мебошад.

Гурзандози ҷавон Галина Митяева бошад, барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон, ки моҳи июл дар Ҷумҳурии Чек доир мегардад, роҳ ёфтааст.
XS
SM
MD
LG