Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди вазири дифоъи Амрико аз Қирғизистон


сқ

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, шоми дирӯз, 4-уми июн, вориди пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек шуд.


Гуфта мешавад, ки дар дидору гуфтугӯҳои ӯ бо мақомоти ин кишвари Осиёи Марказӣ масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои низомӣ баррасӣ хоҳад шуд.


Дар ҳамин ҳол дар пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар фурудгоҳи «Манас», 30-километрии Бишкек, ҳазор низомии амрикоӣ мустақаранд, ки ба нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон кумак мекунанд.


Лозим ба тазаккур аст, субҳи дирӯз Роберт Гейтс дар Кобул бо мақомоти Афғонистон масоили амниятӣ ва хатми хушунат дар ин кишварро баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG