Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедҳои Умедҷон аз "Таманно"-яш


Фирӯзаи Мухтор

Умедҷони Садриддин, як сарояндаи ҷавонест, ки ҳанӯз аз овони дусолагӣ аз пои равон мондааст ва мегӯяд, иллаташ воксинзании пизишкҳо будааст.

Умедҷон дар саҳнаҳои консертӣ бо аробачаи маъюбӣ зоҳир мешавад. Ӯ ҳоло 23 сол дорад ва омаданаш ба саҳна ба осонӣ насибаш нашудааст.

«Ман ба мактаби миёнаи ноҳияи Ваҳдат бо машаққати зиёд бо чигас мерафтам, ки омӯзгорон ҳоли маро дида раҳмашон меомад ва мегуфтанд, ки дар фасли зимистон ба мактаб наоям. Зеро, дар рӯи ях афтиданам мумкин буд. Аммо дигар чорае надоштам. Танҳо як моҳ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 21 -и пойтахт хондаму халос. Касби сурудхониро аз падар мерос гирифтаам, ки дар солҳои ҷавониашон замзама мекарданд.»

Умедҷон бо пойҳои маъюби худ натавонист ба мактаб равад, савод омӯзад ва волидонаш ҳам натавонистанд омузгорро ба хонаашон биёранд. Бо вуҷуди ин маҳрумият вай шикаста нашуд ва ба кунҷи хона нахазид, аз тариқи телевизион ва радиоҳо ба таронахонии ҳунармандон таваҷҷӯҳ кард, тақлид намуд ва қадами аввалро бо ҳамин рӯи саҳна гузошт.

«Ҳангоме ки тариқи оинаи нилгун сарояндагони эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин ва Меҳрубони Равшанро медидам, ҳаваси ҳунар дар дилам шӯьла меафрӯхт. Ва қарор гузоштам бо эшон аз наздик ошноӣ пайдо кунам ва пайваста дар талоши сурудани сурудҳои тозаэҷод ҳастам.»

Овозхонӣ барои Умедҷон ҳамчунин як василаи таъмини рӯзгораш шудааст. Ӯро созмонҳои байналмилалӣ дар барномаҳои ҷамъиятии худ даъват мекунанд ва аксар вақт базми мардумро гарм намуда маблағи дарёфткардаашро барои зиндагии худ ва наздиконаш сарф мекунад.

Умедҷон мегӯяд, дар ҷодаи ҳунар тақрибан ҷойгоҳи худро пайдо кардааст ва ҳоло чанд таронаи мустақил навиштаи худро омода кардааст, ки мехоҳад, дар албоме таҳти унвони «Таманно» сабт кунад. Ҳоло Умедҷон кӯшиш дорад, гурӯҳи ҳунарии худро таъсис диҳад ва саҳми амалии худро дар роҳи рушди мусиқии тоҷик гузорад.


oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG