Пайвандҳои дастрасӣ

UNTOP аз Тоҷикистон меравад


fr

Дафтари мусоидат ба таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон (UNTOP) фаъолияти худ дар ин кишварро дар охири моҳи июли соли равон қатъ хоҳад кард. Ин нуктаро Кори Удовички, муовини дабири кулли СММ ва мудири минтақаии ин созмон дар кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Аврупо пас аз анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе таъйид кард.


Хонум Удовички ба хабарнигорон гуфт, дар кишварҳое, ки низоъҳои дохилиро пушти сар кардаанд, то чанд муддат таҳдидҳо барои амният боқӣ хоҳад монд. Вале дар ҳоли ҳозир, як чунин таҳдидҳо, ки битавонад оромиш ва суботро дар Тоҷикистон баҳам бизанад, вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, Тоҷикистон ҳоло дар вазъе қарор дорад, ки метавонад мустақилона ҳама гуна хатарот ба сулҳу суботро рафъ кунад ва ҳеҷ зарурияте барои дарёфти ёрии беруна дар ин робита боқӣ намондааст.


Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон дар соли 1993 дар замони авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Ибтидо он Ҳайати нозирони СММ номида мешуд. Баъди имзои Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни давлат ва Иттиҳоди оппозисиюни тоҷик, Шӯрои амнияти СМ Дафтари мусоидат ба сулҳи ин муассиса дар Тоҷикистонро ташкил кард. Дар ин муддат ин идора барои анҷоми босамари фаъолияти Кумиссиюни оштии миллӣ, аз ҷумла, ҷиҳати ҳамоиши размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти мулкӣ ва инчунин дар амри ворид кардани ислоҳот ба қонунгузории Тоҷикистон дар робита ба интихобот кӯмак кардааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG