Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо марзҳои Тоҷикистонро таҳким мебахшад


фа

Кумиссиюни Аврупо эълом кард, ки барои таъсиси гурӯҳҳои фаврии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон панҷ миллион евро тахсис медиҳад.


Адриан ван дер Меер, сарвари намояндагии Кумиссиюни Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки дар гушоиши ду бинои таълимӣ барои Омӯзишгоҳи олии марзбонии Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, Кумиссиюни Аврупо фаъолияташро дар Тоҷикистон тавсиа хоҳад дод ва рӯйи кор омадани гурӯҳҳои фаврии нирӯҳои марзбониро яке аз шартҳои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон медонад. Оқои ван дер Меер гуфт, гурӯҳҳои фаврӣ бахусус дар кори ҷилавгирӣ аз вуруди маводи мухаддир ва гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ба Осиёи Марказӣ муассир хоҳанд буд. Ӯ гуфт, Кумиссиюни Аврупо ҳамчунин шароити омӯзиши забони англисиро барои марзбонони тоҷик фароҳам хоҳад сохт.


Баъд аз хуруҷи нерӯҳои марзбонии Русия аз марзҳои Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо яке аз сармоягузорони барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар тақвияти нерӯҳои марзбонаш мебошад. Кумиссиюни Аврупо бар он аст, ки 20% маводи мухаддири Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба бозорҳои Русияву Аврупо ворид мешавад. Тибқи омори расмӣ, 80% маводи мухаддире, ки дар Аврупо истеъмол мешавад, моли Афғонистон аст.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG