Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияҳои Узбакистон дар Суғд мамнӯъ шуданд


Муовини сарвари муассисаи «Тоҷикматбуот» дар Хуҷанд Раҳимҷон Зиёбоев дар тавзеҳи ин дастур гуфт, он орӣ аз ҷанбаи сиёсӣ ва ба хотири қонунӣ кардани вуруди матбуоти Узбакистон ба Суғд мебошад:

«То ҳозир рӯзномаву маҷаллаҳои матбуоти Узбакистон аз ҷониби шахсони тасодуфӣ бидуни ягон асноди расмӣ, шаҳодатномаи андоз ва бе қайди гумрук ворид карда мешуд. Барои ҳамин то вақти бо ҳуҷҷатҳои расмии мутобиқ ба қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтани ин амал вуруди нашрияҳои Узбакистон ва фурӯши онҳо дар дуконҳои «Тоҷикматбуот» - ро манъ кардем.»

Ба гуфтаи масъулини муассисаи «Тоҷикматбуот», то ин муддат ҳар ҳафта бозори матбуоти Суғд беш аз даҳ ҳазор нусха нашрияву маҷаллаҳои чопи Узбакистон, ба истилоҳ «матбуоти зард» ва воридшуда ба роҳҳои қочоқиро дарёфт мекард ва ба маърази фурӯш мегузошт. Ҳамакнун манъи вуруди нашрияҳои Узбакистон боиси нигаронии муштариёни узбакзабон шудааст. Дар назди яке аз дӯконҳои рӯзномафурӯшии ноҳияи Ҷаббор Расулов ду нафар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин изҳори назар карданд:

«Манъи вуруди нашрияҳои Узбакистон ба Суғд моро ба ҳайрат овардааст. Чунки хонандаҳои ин нашрияҳо дар ноҳияи Ғафуров зиёданд.» - мегӯяд Асқад Юлдошев, як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сокини дигари ин маҳал - Ҷамол Саидов дар ин бора меафзояд: «Агар ворид кардани нашрияҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ мумкин бошад, пас бо роҳҳои қонунӣ ҳам онҳоро овардан мумкин аст. Пас, чаро танҳо ба тариқи ғайриқонунӣ меоранд?»

Аммо тавре ки масъулини муассисаи «Тоҷикматбуот» дар Хуҷанд мегӯянд, ҳама гуна иртиботи Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи табодули матбуоти даврӣ, обуна ва фурӯш дар қаламрави кишварҳои якдигар пас аз касби истиқолият ва ба сардӣ гароидани муносибати байни ин ду давлат ба нестӣ расидааст. Ба гуфтаи Раҳимҷон Зиёбоев - сарвари муасисаи «Тоҷикматбуот» дар Хуҷанд, ахиран пешниҳоди онҳо барои аз сар гирифтани ҳамкорӣ бо Узбакистон дар мавриди обунаву фурӯши нашрияҳои якдигар аз сӯи ин давлат беҷавоб мондааст.

Аммо Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири ҳафтавори «Вароруд» ба ҷиҳати дигари ин масъала ишора мекунад ва мегӯяд, иҷозаи расмии ҳар ду кишвар низ ин мушкилро аз байн нахоҳад бурд: «Барои ҳар гуна маводе, ки аз марз ворид мешавад, боҷи гумрукӣ пардохта шавад, аз ҷумла ба нашрияҳо. Ин амал арзиши матбуоти воридотии Узбакистон ба Тоҷикистонро хеле боло мебарад ва имкони дастрасии хонандаро ба онҳо поин мебарад.»

Манъи вуруд ва фурӯши нашрияҳои чопи Узбакистон дар бозори матбуотии Суғд дар ҳолест, ки ҳама навъи рӯзномаву маҷаллаҳои чопи Русия бидуни кадом мамониат ба Суғд оварда, ба маърази фурӯш гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG