Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе-1 - қаҳрамони волейболи Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии волейболи кишвар, ки бо ширкати шаш дастаи мунтахаби мардона - якдастаӣ аз вилоятҳои Суғду Бадахшони Кӯҳӣ ва дудастаӣ аз вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар толори бозиҳои дастии пойтахти кишвар баргузор шуд, рӯзи 3-юми июн ба анҷом расид.

Дастаи Душанбе-1, ки бар ҳамаи рақибони худ ғолиб омад, бо 10 имтиёз соҳиби ҷойи аввал гардид. Дастаи Душанбе-2 бо 9 имтиёз дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Дастаи вилояти Суғд бо 8 имтиёз ҷойи севвумро касб кард.

Нур Одинаев, мураббии тими ғолиб - Душанбе-1 ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон беҳтарин дастаҳои мардона рақобат карданд. Вале ҳанӯз ҳам теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти ҷумҳуриявӣ кам аст, ҳол он ки дар шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва водии Рашт низ волейболбозони бомаҳорат бисёранд ва онҳоро метавон дар дастаҳои мунтахаби минтақавӣ ҷамъ овард."


Бокс.Ҳашт нафар беҳтарин муштзанҳои тоҷик - Шералӣ Достиев дар вазни то 48 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг, Баҳодур Каримов дар вазни то 57 кг, Маъруфҷон Файзуллоев дар вазни то 60 кг, Рустам Раҳмонов дар вазни то 64 кг, Шералӣ Маҳмадалиев дар вазни то 69 кг, Фирдавс Салеҳов дар вазни то 75 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки рӯзи 4-уми июн дар Муғулистон шурӯъ мешавад, рақобат хоҳанд кард.


Армспорт. Дастаи мунтахаби армрестлинг ё дастхобонии Тоҷикистон дар шашумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии армспорти Осиё, ки рӯзи 4-уми июн дар Қирғизистон оғоз мешавад, ширкат меварзад.

Ба иттилоъи Нодир Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон, ба ҳайати даста 27 варзишгар дохиланд, ки байни онҳо барандагону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, монанди Акмал Қодиров, Ҳусейн Қурбонов, Хисрав Ҷумъаев, Лола Ризоқулова ва Марҳабо Шамсиддинова ҳастанд. Мусобиқот бо ширкати зӯртарин варзишгарони кишварҳои қорра тӯли се рӯз - то 6-уми июн дар Иссиқкӯл баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG