Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марина Литвиненко: «Тасмим бояд фавқулода бошад»


сқ

Марина Литвиненко, хонуми собиқ афсари Хадамоти федеролии амнияти Русия марҳум Александр Литвиненко, аз сарони ҳашт кишвари пешрафтаи олам даъват кард, ки аз Маскав истирдоди тоҷир Андрей Луговой ба Лондонро талаб намоянд. Додситонии Британия ҳамоно Андрей Луговойро дар заҳр додан ба Александр Литвиненко муттаҳам мекунад.


Марина Литвиненко дар суҳбат бо BBC гуфт, ӯ медонад, ки Қонуни асосии Русия хилофи истирдоди шаҳрвандонаш ба дигар кишварҳост, вале чун куштори Литвиненко ҳодисаи фавқулода аст, тасмим низ бояд фавқулода бошад.


Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Аврупо китоби «Марги дигарандеш» вориди фурӯш мешавад, ки яке аз муаллифонаш Марина Литвиненко мебошад.
XS
SM
MD
LG