Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даргириҳо дар Лубнон


Бегоҳии якшанбе 3-вуми июн мусаллаҳони исломгаро ба як постгоҳи артиши Лубнон дар канори шаҳри Сидон, воқеъ дар ҷануби кишвар, аз гранатомёт тир андохтанд, ки бар асари он панҷ нафар ҷароҳат бардоштанд.


Мақомоти Лубнон дар ин ҳамла мусаллаҳони гуруҳи «Ҷанд-аш-Шом»-ро муттаҳам мекунанд.


Дар ҳамин ҳол дар қароргоҳи паноҳандагони фаластинӣ «Наҳр-ул-борид», воқеъ дар шимоли Лубнон, даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи «Фатҳ-ул-ислом» идома дорад. Гуфта мешавад, аз 20-уми май ба ин сӯ дар задухӯрдҳои канори ин қароргоҳ аз ҳарду тараф беш 100 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG