Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақдири русҳо ҳанӯз норавшан аст


сқ

Дар Нигерия то ҳанӯз ягон гурӯҳ масъулияти дар ин кишвар рабуда шудани шаш шаҳрванди Русияро бар дӯш нагирифтааст.


Ин шаш нафарро, ки кормандони корхонаи «Алскон»-и ширкати русии «РусАл» буданд, як рӯз қабл аз тарафи афроди мусаллаҳи ношинос гаравгон гирифта шуда буд.


Сафрири Русия дар Нигерия Игор Мелихов ба хабаргузорҳио гуфтааст, ки айни ҳол дипломатҳои рус ва намояндагони ширкати «РусАл» бо мақомоти Нигерия гуфтушунид доранд, то барои раҳоии шаҳрвандони Русия аз чораҳои оҷил кор гирифта шавад.


Дар ҳамин ҳол одамрабоён дар робита ба раҳоии гаравгонҳо то ҳанӯз талабе пеш нагузоштаанд.
XS
SM
MD
LG