Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳви як гурӯҳи ифротгаро дар Ироқ


cq

Дар Бағдод, пойтахти Ироқ, нерӯҳои амрикоӣ гурӯҳи мусаллаҳи зиддиҳукуматиеро аз байн бурданд, ки мехостанд «Минтақаи сабз»-ро мавриди тирборони шадид қарор диҳанд. Ба иттилоъи ҳайъати фармондеҳии Амрико, як махфигоҳ дар минтақаи Садр Сити, ки ин гурӯҳи мусаллаҳ онҷо панаҳ бурда буд, мушакборон гардид. Чаҳор тан аз ифротгароҳо кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.


Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабаргузориҳо, шабонарӯзи гузашта дар манотиқи гуногуни Ироқ аз панҷ то ҳафт низомии амрикоӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG