Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯдгоҳи Ҷон Кенедиро таркониданӣ буданд


IA

Мақомоти ИМА чор нафарро бо кӯшиши тарконидани фурӯдгоҳи ба номи Ҷон Кенедии шаҳри Ню-Йорк муттаҳам кардаанд. Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, гурӯҳи ифротгароҳои исломӣ мехост амбори маводи сӯхт ва лӯлаи интиқоли сӯзишвориро мунфаҷир намояд.


Се тан аз муттаҳамон дастгир шудаанд. Яке собиқ ходими бахши боркашии фурӯдгоҳи Ҷон Кенедӣ ё тавре амрикоиҳо мегӯянд, ҶФК, дувумӣ собиқ узви парламенти кишвари Гаяна мебошад. Расел Дефрейтас амрикоии гаянитабор дар шаҳри Ню-йорк боздошт шуд. Ду нафари дигар: шаҳрванди Гаяна Абдул қодир ва шаҳрванди Тринидад Карим Иброҳим дар кишвари Тринидад ба ҳабс гирфта шуданд. Нафари чорум шаҳрванди Гаяна бо номи Абдулнур мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.


Мақомоти ИМА мегӯянд, Абдулқодир ва Абдулнур аъзои ҷамоаи муслимини Тринидад мебошанд. Созмони ёдшуда дар соли 1990 дар Тринидад як табаддулоти ноком роҳандозӣ кардааст. Додситонии ИМА иттилоъ дод, ки муттаҳамон мехостанд биноҳо, амборҳои сӯзишворӣ ва лӯлаи интиқоли маводи сӯхт ба фурудгоҳи Ҷон Кенедиро мунфаҷир намоянд. Нақша замоне ошкор шуд, ки шахси аз тарафи Дифрейтас ҳамчун ёвари ҳамлаи террористӣ истихдомшуда мақомотро аз барнома огаҳ кард. Ин шахс ба ҳайси исботи гуфтаҳояш навори муколамаҳояш бо Дифрейтасро ба хадамот тақдим намудааст.


Чанд коршинос дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Ню-йорк Таймс" гуфтаанд, ки иҷрои воқеии чунин нақша аз эҳтимол дур аст. Дар паи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 мақомоти ИМА чандин нақшаи ҳамлаҳои террористиро барбод додаанд. Моҳи гузашта шаш нафар бо тарҳрезии ҳамла болои тамрингоҳи низомии артиши ИМА дар аёлати Ню Ҷерсӣ муттаҳам шуданд. Соли гузашта низ ҳафт нафар бо иттиҳоми тарҳрезии инфиҷори бурҷи "Сирс Товер"-и Чикаго муттаҳам дониста шуданд.
XS
SM
MD
LG