Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи скинхедҳо ба шаҳрванди Тоҷикистон


IA

Як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи гурӯҳии ҷавонҳои нажодпарасти Маскав қарор гирифта ва маҷрӯҳ шудааст. Ин ҳодиса дар наздикии бозори Чертаново рух дод. Гурӯҳи тахминан понздаҳ нафараи ҷавонон ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар хиёбон роҳ мерафтанд, иҳота карда, онҳоро лату кӯб мекунанд. Як нафари онҳо бо исми Ҷамшед имкон меёбад, ки фирор кунад, аммо Абдулло Сайфулини 44-сола бо се захми корд ба як дармонгоҳи Маскав интиқол дода мешавад. Дар сӯҳбати телефонӣ аз дармонгоҳ оқои Сайфулин ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимол дорад, муолиҷаи вай як моҳ давом карда, барои доруву дармон ҳам маблағи зиёд лозим шавад. Абдулло, ки таҳти доруи таскиндиҳанда буд, ба радиои Озодӣ чунин гуфт: "Табобати вай вазнин аст. Дору қимат аст. Шояд як моҳ хоб мекунам. Фикр кардам, ки ман танҳо ду захми корд дорам, аммо саҳар дидам, ки шикамам ҳам пури хун аст. Болои шикамам камаш се ҷароҳати кордро дидам. Рӯям сип-сиёҳ аст. Худро шинохта наметавонам. Лекин сарам соз аст, ман вақти задан сарамро бо дастонам сахт қапидам".

Абдулло Сайфулин падари панҷ фарзанд ва сокини шаҳри Кӯлоб аст, ки моҳҳои охир дар Маскав бо мардикорӣ машғул буд. Вай мегӯяд, ки то ҳанӯз нафаре аз сафорати Тоҷикистон барои расидагӣ ба қазияи ӯ нарафтааст. Вай мегӯяд, ки ба кӯмаки моливу маводи дорувор шадидан ниёзманд аст. Солҳои охир ҳодисаҳои ҳамла ба намояндаҳои қавму миллатҳои ғайрирус дар Русия бо ангезаҳои миллатгароёнаву нажодпарастона афзоиш ёфта, аксар вақт шаҳрвандони Осиёи Миёна ва Қафқозро қурбони ин хушунатҳо мекунад.

Искандари Хоҷамирзода, Прага
XS
SM
MD
LG