Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши гурӯҳҳои сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон


Ҳамоиши навбатии гурӯҳҳои сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон, рӯзи 2 июн дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, Ки дар он намояндагони бист кишвари кӯмакрасон, аз ҷумла ИМА, Русия, Чин, Ирон, Олмон ва инчунин созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба шумули Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Сандуқи Байналмилалии Пул ширкат варзида, шоҳиди расми тақдими ду санади нав шуданд. Тоҷикистон дар ин ҳамоиш Барномаи миллии Стратегияи Рушд барои то соли 2015 ва Санади дуввуми стратегияи коҳиши мизони нодорӣ барои солҳои 2007-2009-ро муаррифӣ кард. Барои иҷрои Стратегияи Миллии Рушд 13 миллиард доллар ва барои тарҳи стратегияи коҳиши мизони нодорӣ дар Тоҷикистон беш аз панҷ миллиард доллари амрикоӣ зарур аст, аммо Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои роҳандозии ин тарҳҳо танҳо 2,2 миллиард доллари амрикоӣ дар ихтиёр дорад.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин гуфт, Русия ва созмонҳои байналмилалии молӣ муддавом қарзҳоеро, ки болои мамолики Африқои ҷанубӣ доранд, мебахшанд, аммо дар ҳамин ҳол аз ҳамсоякишварҳои худ, минҷумла Тоҷикистон фаромӯш мекунанд: «Чаро кишварҳо ва созмонҳои сармоягузор танҳо қарзҳои худ болои мамолики Африқои ҷанубиро аз эътибор соқит мекунанду барои онҳо маболиғи зиёде ба унвони кӯмак ироа мекунанд, ба ин далел ки кишварҳои ин минтақа нодору мӯҳтоҷанд, аммо чаро нисбат ба кишварҳои собиқи Шӯравӣ чунин тадбирҳо андешида намешаванд. Одамони ин ду минтақа аз ҳам бо чӣ фарқ мекунанд? Чаро созмонҳои молиявӣ ба кишварҳое мисли Тоҷикистону Қирғизистон, ки иқтисодашон дар ҳоли рушд аст низ чунин ироа намешавад? Ҳаҷми кӯмакҳои моли онҳо афзун мешавад, аммо танҳо ба Африқои ҷанубӣ ихтисос дода мешавад».

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, бунёди роҳу пулҳо ва рушди соҳаи кишоварзиро аз самтҳои авлавиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон унвон кард. Намояндагони созмонҳои молиявии ҳозир дар ҳамоиши сармоягузорон талошҳои Тоҷикистон барои коҳиши мизони нодориро истиқбол карданд, вале сатҳи фақру нодорӣ дар ин кишварро ҳанӯз баланд арзёбӣ намуданд.
Қарор аст ҳамоиши навбатии гурӯҳи сармоягузор дар Тоҷикистон пас аз чаҳор соли дигар баргузор шавад. Дар ҳамоиши гузашта дар соли 2003 сармоягузорон барои иқрои барномаҳои иқтисодӣ ва барномаҳои марбут ба коҳиши мизори нодорӣ ба Тоҷикистон ним миллиард доллари амрикоӣ тахассус дода буданд.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG