Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: аз қарзи Русия соф мешавем


Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиши гурӯҳҳои сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш то соли 2008 қарзҳои Русияро куллан пардохт мекунад ва ӯ дигар қасд надорад аз Русия бихоҳад, ки ин қарзҳоро бубахшад ё аз эътибор соқит кунад. Оқои Раҳмон дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди он ки оё ӯ дар мулоқоти навбатиаш бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин масъалаи бахшиши қарзи Тоҷикистон дар назди он кишварро ба миён мегузорад, гуфт: «На, на, чунин тасмим надорам. Мо чанд дафъа аз мақомоти Русия ба сурати хаттию шифоҳӣ бахшиши қарзҳоро хостор шудем, аммо аз ҷониби он кишвар ҳеҷ вокунише ба бор наомад. Тоҷикистон бахши аъзами қарзҳои давлатиашро ба Русия бозпардохт кардааст ва дар соли оянда мо тамоман аз қарзи Русия соф мешавем».
Гуфтанист, дар моҳи январи соли 2007 қарзи Тоҷикистон дар назди Русия ҳудуди 35 миллион доллари амрикоиро ташкил медод.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG