Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошт шудани Роҳат Алиев дар Австрия


Полиси Австрия бо дархости мақомоти Қазоқистон сафири пешини ин кишвар ва домоди президент Назарбоев Роҳат Алиевро боздошт кард. Алиев дар рабоиши ду нафар дар моҳи январи имсол муттаҳам мешавад, ҳарчанд худи ӯ аз оғоз ҳама гуна иттиҳомотро алайҳи худ рад кардааст. Алиев шавҳари духтари калонии Нурсултон Назарбоев - Дариға Назарбоева мебошад. Роҳат Алиев сафири Қазоқистон дар Австрия буд ва ҳафтаи ҷорӣ аз ин вазифа барканор шуд.


Моҷарои нахустини миёни Алиеву Назарбоев соли 2001 сар зад, вақте гурӯҳҳои наздик ба раиси ҷумҳур ба вай иттилоъ доданд, ки домодаш бо ҳадафи барканор кардани Назарбоев талош дорад, ба обрӯи вай зарба занад. Дар мусоҳибаҳои худ ҳафтаи ҷорӣ Роҳат Алиев гуфт, ки Назарбоев вайро барои хоҳиши ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар муҷозот мекунад. Аз нигоҳи таҳлилгарон, баъди ахиран тағйир додани Қонуни асосии Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев роҳи худро барои раҳбарии бардавоми кишвар боз кард ва ҳоло мехоҳад аз рақиб ва дар айни замон, мухолифи аслии худ ба ин мақом раҳо шавад.


Роҳат Алиев 44 сол дошта, гуфта мешавад, бо кӯмаки раиси ҷумҳур ва падарарӯси худ дороиҳояшро ба чандин миллард доллар расонидааст..
XS
SM
MD
LG