Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко ба порлумонаш як рӯзи дигар мӯҳлат дод


Раиси ҷумҳури Укроин Виктор Юшенко як рӯзи дигар ба вакилони мардумӣ мӯҳлат дод, то қонун дар мавриди баргузории интихоботи зудрасро тасвиб кунанд, то ба бӯҳрони бадарозокашидаи сиёсӣ дар ин кишвар хотима дода шавад.


Порлумони Укроин, ки ду рӯз барои тасвиби қонуни таъйини интихоботи зудрас фурсат дошт, натавонист ба мувофиқа бирасад ва акнун то поёни имрӯз муҳлат дорад, ин санадро ба тасвиб расонад.


Баъд аз моҷароҳои пуршиддати ахир, ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури ғарбгаро Виктор Юшенко ва рақибаш нахуствазири Русиягаро Виктор Янукович ба мувофиқа расиданд, то 30 сентябр интихоботи зудрас баргузор шавад. Порлумони Укроин, ки аксарияти вакилонаш аз нахуствазир Виктор Янукович ҷонидорӣ мекунанд, дар зарфи ин ҳафта бо вуҷуди тамдиди муҳлат барои судури қонун барои тасвиби он ба мувофиқа нарасид.


Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сурати ноком шудани порлумон дар тасвиби қонуни интихоботи зудрас, Укроин метавонад гирифтори бӯҳрони амиқтари сиёсӣ шавад, ки ҳафтаи гузашта ба моҷаро барои ба даст овардани контроли нерӯҳои амниятии ин кишвар печид.
XS
SM
MD
LG