Пайвандҳои дастрасӣ

Шарҳи сипари зиддимушакии Амрико ва авзоъ дар Афғонистон


Муаллифон -- Ҷеремӣ Бранстен ва Ирина Лагунина Сафири Иёлоти Муттаҳида дар НАТО, Виктория Нулонд ин ҳафта дар Прага бо мақомоти Ҷумҳурии Чех ва паймони Атлантики шимолӣ ҷузъиёти бунёди сипари зиддимушакии Амрикоро баррасӣ кард. Ин шабака аз силсилаи родорҳо дар Ҷумҳурии Чех ва мушакҳои зарбазан дар Лаҳистон иборат аст. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ҳадаф аз шабакаи нав ҳифзи бахши аъзами Аврупо ва худи Амрикост, вале барномаи нав аз ибтидо ихтилофи Русияро ангехтааст. Дар як гуфтугӯ бо хонуми Нулонд, хабарнигорони радиои Озодӣ аз ӯ ҷузъиёти бештари ин барнома ва ҳамчунин вазъи амалиёти нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро суол карданд.

Таври маълум ИМ аз Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон хостааст, бахшҳое аз як низом ё шабакаи зиддимушакиро дар қаламравҳои худ ҷой диҳанд. Ин кишварҳо розӣ шудаанд ва ризоияти онҳо Русияро асабонӣ кардааст. Маскав ин барномаро оғози як пойгаи нави таслиҳотӣ меномад ва бовар дорад, ки шабакаи нав зидди Русия нигаронида шудааст. Президенти Русия Владимир Путин, аз ҷумла озмоиши мушаки нави кишварашро, ки гуфта мешавад, аз ҳама гуна сипарҳои зиддимушакӣ гузашта метавонад ва ҳамзамон метавонад, чанд кулоҳакро ба ҳадаф расонад. Ҳоло суол ин аст, ки оё ин ду ҳодиса аз тарафи ду қудрат, Вошингтон ва Маскав метавонад сабаби сабқати нави таслиҳотӣ гардад ва оё эҷоди чунин хатар як бемасъулиятӣ нест?

"Бадбахтона, ноомади кор аст, ки Русия лаҳни тундеро интихоб кардааст. Мо батакрор гуфтаем, ки ин шабака дифоъист ва мушакҳои он кулоҳак нахоҳанд дошт. Ва онҳо ҳатто мушакеро, ки аз Русия партоб мешавад, бозошта наметавонанд. Мо гуфтаем, ки омодаем барои санҷишу тафтиш як шаффофияти комилеро пешниҳод кунем. Мо ба русҳо гуфтем, мушак насозед, балки сипари зидди мушак бисозед ва биёед ин шабакаҳоро бо ҳам дуруст кунем. Ва озмоиши мушаки нави Русия як тасмими ҳаминлаҳзаӣ нест. Ин мушак солҳост, сохта мешуд ва мақсад нав кардани мушакҳои кӯҳна аст. Мо инро як таҳавулли одӣ мешуморем ва дар муқобили ҳам афтоданаш як тасодуфи нохуш аст."

Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки шабакаи нави Амрико зидди Эрон нигаронида шудааст. Вале чаро бахшҳои асосии он дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон ҷойгир карда мешаванд, на дар қаламравҳои наздиктар ба Эрон?

"Ин сирфан як масъалаи ҷуғрофиёист. Вазифаи родорҳо ин аст, ки мушаки партобшударо саривақт бубинанд ва думбол кунанд ва мушаке, ки ба пешвози он меравад, битавонад, саривақт онро нобуд кунад. Родорҳо бояд дар фосилаи муайяне ҷойгир шаванд. Агар онҳо ба минтақа наздиктар бошанд, масалан, дар Туркия ё Булғористон, фурсати кофӣ нахоҳанд дошт, ба мушаки дар ҳоли парвоз зарба зананд. Онҳо замоне ин мушакро дарёфт мекунанд, ки аз ҳудуди зарурӣ рад шудааст. Хуллас, каме вақт даркор аст ва масъала соф физикӣ ва геометрист."

Хонуми Нуланд, ҳоло ки фурсате барои сӯҳбат бо шумо ҳаст ва шумо ҳамчун сафири ИМ дар паймони атлантики шимолӣ аз қазия иттилоъи комил доред, мехостем, дар бораи Афғонистон, ҳаммсояи Тоҷикистон аз шумо суол кунем. Оё чунин ба назар намерасад, ки Толибон дубора ба андозае қавӣ шудаанд, ки метавонанд, муваффақияти чанд сол пеш дар Афғонистонро ба нокомии Амрико ва НАТО табдил диҳанд?

"Ман фикр мекунам, мо зимистон ва баҳори гузашта комёбиро ҳифз кардем. Дар шаш моҳи гузашта аз эҳтимоли ҳамлаи густардаи толибон дар баҳори имсол зиёд ҳушдор медоданд. Вале ин ҳамла ба амал наомад, зеро нирӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон дар ин муддат хеле фаъол буданд, махсусан дар Қандаҳору Ҳилманд ва шарқи кишвар ва мо тавонистем баъзе сарҳалқаҳои ошӯбро аз байн барем. Вале, дуруст аст, мо бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯем ва онҳо хеле зиёд талош доранд, сарварони наверо ҳарчи зудтар ба саҳна оранд. Хуб, ин на як муборизаи кӯтоҳ, балки як роҳи хеле тӯлонист ва на танҳо муборизаи низомист, ки умедворем, хеле зуд худи афғонҳо онро ба даст гиранд. Ҳамзамон ин бисёр кишвари фақир аст, ки 20 сол ҷанги шаҳрвандиро пушти сар гузоштааст ва ҳамаи мо бояд боз солҳо ба тақвияти иқтисодиёти Афғонистон, низоми демократии он ва зиндагии беҳтари мардум мадад кунем ва ҳам мусалламан, маводи мухаддирро дар ин ҷо шикаст диҳем."
XS
SM
MD
LG