Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати телевизионии "Баҳористон" барои кӯдакон


av

Сабқати телевизионии муассисаи давлатии «Баҳористон» дар таърихи якуми июн ҷамъоварии маблағ барои бунёди боз як студияи навро ҳадаф дорад.


Лутфулло Давлатов, муовини аввали раҳбари телевизиони «Баҳористон» гуфт, дастгирии фаъолияти телевизиони «Баҳористон» ба хотири рақобат бо филмҳои куштору фаҳш, ки дар мафкураи кӯдакон таъсири манфӣ мегузорад, зарур аст.


Дар лаҳазоте, ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар бинои «Баҳористон» ҳозир буд, намояндагони Раёсати корҳои дохилаи кишвар 1.300 сомонӣ хайр карданд.


Меҳринисо Исмоилова, як сокини пойтахт гуфт, «Баҳористон»-ро барои фарзандонаш мисли мактаб медонад, ва аз ин рӯ, ба ин даргоҳ барои кӯмак омадааст.
Фирузаи Мухтор, Душанбе
XS
SM
MD
LG