Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пахтазорҳои қарздор. Қарз ба қиёмат мемонад?


Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат дар бозпардохти қарзҳои воҳидҳои кишоварзии пахтапарвар ва рушди ин соҳа дар Тоҷикистон 15 миллион доллар ихтисос додааст. Гуфта мешавад, қарзи мазкур дар муддати чиҳил сол бозпардохт мешавад, ки дар даҳ соли аввали он Тоҷикистон дар пардохти он имтиёз дорад.

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ҳоли ҳозир, воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон дар баробари фючеристҳо ё сармоягузорон беш аз чаҳорсадмиллион доллар қарздор мебошанд. Дилбар Зоирова, сухангӯи дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт, ин маблағ барои беҳбуди зиндагии деҳқонони машғул ба парвариши панба ва навоҳии пахтапарваре, ки даромади камтар доранд, масраф хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносони тоҷик аз усули тахсиси қарзи муассисаҳои байналмилалии молӣ ва аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати раҳонидани воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон аз бори қарз изҳори норизоиятӣ мекунанд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мӯътақид аст, ки мутахассисони ин муассисот ба шумули Бонки ҷаҳонӣ тарҳҳоеро дар ин арса сармоягузорӣ мекунанд, ки барои рафъи мушкилоти қарзҳои воҳидҳои пахтапарвар камтар муфид мебошад.

Ин нуктаро Абдуваҳҳоб Воҳидов, мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон низ таъйид карда ҳамзамон адами шаффофият дар амри истифодаи маболиғи сармоягузорони хориҷӣ ва муассисоти молӣ дар Тоҷикистонро як далели дигари коҳиши рушди пахтапарварӣ дар ин кишвар арзёбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар як соли пеш ҷиҳати дақиқ кардани қарзи воҳидҳои кишоварзӣ як комиссияи вижаеро таъсис дода буд. Гуфта мешавад, ҳоло ҳар як ҳектар замини кишти пахта дар Тоҷикистон наздики ду ҳазор доллар аз сармоягузор қарздор аст. Аз ин рӯ, бештари коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои эҳёи дубораи ин соҳа то даҳ соли баъдӣ муҳлати бозпардохти қарзҳо мавқуф гузошта шавад. Дар ғайри сурат, новобаста аз кӯмакҳои дохилӣ ва хориҷӣ рушди панбапаварӣ дар Тоҷикистон баъид хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG