Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Саламшо Муҳаббатов кушта шуд


av

Муқимшо Муҳаббатов, муовини фармондеҳи қисми марзбонии 2711 мустақар дар ноҳияи Дарвоз ва бародари Саламшо Муҳаббатов, собиқ қумондони нерӯҳои мухолифин шаби гузашта кушта шуд.


Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, Муқимшо Муҳаббатов шаби 31 май дар ҷамоати Нулванд, дар наздики марзи Тоҷикистону Афғонистон бар асари як ҳамлаи мусаллаҳона аз сӯи афроди номаълум кушта шудааст. М. Муҳаббатов ба Нулванд, ки аз маркази ноҳия 47 км дуртар воқеъ аст, бо ҳадафи хабаргирӣ аз ҳоли сарҳадбонон сафар мекунад ва дар роҳ ҳадафи тир қарор мегирад. Муқимшо Муҳаббатов аз захми се тир дар ҷои ҳодиса ҳалок мешавад.


Ду ҳамсафараш аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд. Яке аз онҳоро субҳи рӯзи дигар маҷрӯҳ пайдо карда ба маризхона интиқол медиҳанд, аз ҳамсафари дигарӣ ҳанӯз хабаре нест. Додситони низомӣ дар ин робита ҳанӯз касеро боздошт накардааст. Бозрасонӣ ҳоло ба тафтишоти ҷузъиёти ин ҳодиса машгул аст.


Муҳимшо Муҳаббатов 40 сола ва бародари Саламшо, яке аз собиқ фармондеҳони мухолифин ва замони ҷанги шаҳрвандӣ дар канори бародараш алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангид. Ӯ пас аз имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 шомили нерӯҳои низомии ҳукуматӣ гардид.
Файзи Мирҳасан
XS
SM
MD
LG