Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талош барои нишастан ба курсии холӣ оғоз меёбад


Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номи довталабони курсиҳои холишудаи Парлумони кишварро эълом кардааст.


Муҳибулло Додоҷонов, раъиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот, хабар дод, ба ҷои собиқ вакили мардумӣ аз ҳавзаи Бохтари устони Хатлон Муҳриддин Шералиев се номзад - Амирбек Маҳмадалиев аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Абдусалом Мирзоев аз Ҳизби кишоварзӣ, ва Теша Авғонов, аз роҳи худпешбарӣ, сабти ном шудаанд.


Акнун дар интихоботи миёнадавраӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ТоҷикистонҶ ки қарор аст 8-уми июл баргузор гардад, ин се довталаб барои дарё;фти ягона курсии дар ҳоли ҳозир холимондаи порлумон миёни ҳам рақобат кунанд.


Ёдрас мешавем, ки дар интихоботҳои қаблии миёнадавраӣ барои ишғоли курсиҳои холишудаи Парлумони Тоҷикистон, ки рӯзҳои якуми апрел ва бистуми майи соли ҷорӣ баргузор шуда буданд, номзадҳо аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо касби бештари ороъ пирӯз гардиданд.


Аммо ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо далели вуҷуд доштани тақаллуб дар кори комисиюнҳои ҳавзавии интихоботӣ ва роҳ наёфтани намояндагонашон ба ҳайъати ин комисиюнҳо аз ширкат дар интихоботҳои миёндавраӣ даст кашидаанд.
XS
SM
MD
LG