Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон ва пайвастани Русия ба тиҷорати ҷаҳонӣ


Гурҷистон ва пайвастани Русия ба тиҷорати ҷаҳонӣ

Музокироти Русия ва Гурҷистон дар мавриди узвияти Русия дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат бидуни натиҷа ба поён расид.


Тамара Кавсаридзе, муовини вазири рушди иқтисодии Гурҷистон дар як нишасти хабарӣ дар Тифлис гуфт, ки даври нави гуфтушунид баъди чанд моҳ баргузор хоҳад шуд.


Ҳайати Гурҷистон изҳор дошт, ба узвияти Русия дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат фақат баъди он розӣ хоҳад шуд, ки Маскав ба таъсиси посгоҳҳои байнулмилалии гумрук дар марзҳои ду минтақаи ҷудоихоҳи Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ розӣ шавад.
XS
SM
MD
LG