Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи музокирот - музокироти дигар


Дар шаҳри Мадрид, пойтахти Испания, музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон бидуни натиҷаи мушаххасе поён ёфт. Вале дар ҳамин ҳол раиси бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Ховиер Солана ва раиси Шӯрои Олии амнитяи миллии Эрон Алии Лориҷонӣ музокиротро созанда арзёбӣ карданд.


Ҳамзамон Алии Лориҷонӣ изҳор дошт, ки мавзӯъи қатъи ғанисозии ураниум аз сӯи Теҳрон баррасӣ намешавад. Музокирот баъди ду ҳафта аз сар гирифта хоҳад шуд.


Кишварҳои Ғарб аз он нигаронанд, ки ғанисозии ураниум ба Теҳрон барои сохтани силоҳи ҳастаӣ имкон фароҳам меоварад.
XS
SM
MD
LG