Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъолшавии толибон ва эътирози мардуми Ҷузҷон


Тибқи хабари дигар аз ҷануби Афғонистон ҳамлаи толибон аз камин бо ҳалокати 16 афсари пeлиси Афғонистон анҷом ёфтаааст. Бо вуҷуди ин мақомоти Кобул мегӯянд, дар ҷангҳои ахир дар маҳалҳои гуногуни кишвар даҳҳо мусаллаҳи толибон кушта шудаанд.


Дар ҳамин ҳол садҳо нафар имрӯз дар Шибирғон бо талаби барканории волии вилояти Ҷузҷон Ҷумъахони Ҳамдард раҳпаймоӣ карданд. Эътирозҳо пас аз як ҳафтаи тиркушоии пулис ба издиҳоме сурат гирифт, ки иштирокчиёнаш низ истеъфои волиро тақозо мекарданд.

Ба иттилоъи пулис, дар тазоҳуроти ҳафтаи пеш шаш нафар кушта шудаанд, вале ҳамоно аз ҳалокати 13 нафар хабар медиҳанд.
XS
SM
MD
LG