Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луговой ба ҳуҷум мегузарад


Соҳибкори рус Андрей Луговой, ки мақомоти бритониёӣ ӯро дар қатли афсари собиқи хадамоти ҷосусии Русия Александр Литвиненко айбдор мекунад, имрӯз дар нишастии хабарӣ дар Маскав, Литвиненкоро як ҷосуси бритониёӣ номид ва гуфт, масъулияти марги ӯ бар дӯши хадамоти вижаи Бритониё, ё миллиардери муқими Лондон Борис Березовский ва мафияи русист.


Мақомоти Бритониё аз вокуниш ба ин иттиҳом худдорӣ карданд ва гуфтанд, парвандаи Литвиненко ҷиноист на ҷосусӣ.
XS
SM
MD
LG