Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку


31-уми май -- Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку дар аксари кишварҳои ҷаҳон бо маҳфилҳои зидди тамоку ва таблиғи шеваи солими зиндагӣ қайд мешавад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт имсол гуфтааст, дар ҳоле ки дар бархе аз кишварҳо бо талошҳои давлат ва мардум тамокукашӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст, дар мамолики Осиё тақрибан ҳеч чорае зидди хатари тамоку гирифта намешавад ва бемории саратон дар ин қора то соли 2020 метавонад 60% бештар шавад.

Ин ниҳод бештар Чинро ба беамалӣ айбдор кардааст ва мегӯяд то соли 2020 дар ин кишвар 2 миллиону 200 ҳазор нафар аз одати бади тамокукашӣ хоҳанд фавтид. Зимнан, Чин эълон кардааст, ки тамкокукашӣ дар маъракаҳои марбут ба Бозиҳои олимпии соли 2008 озод хоҳад буд.

Дар Тоҷикистон, ки давлат мехоҳад, расму оинҳоро зери назорати шадид бигирад, ба ин одати густарда, махсусан ба кашидани нос, ки инчунин боиси ифлосии кӯчаву биноҳо мебошад, таваҷҷӯҳе зоҳир намешавад ва дар Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку маъракае дар назар гирифта нашудааст.
XS
SM
MD
LG