Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ироқ кушта шуд


ск

Дар шаҳри Ал Имораи Ироқ хабарнигори Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Назар Абдулвоҳид ал-Радҳӣ кушта шуд.


Рӯзи 30 май, вақте, ал-Радҳӣ ҳамроҳ бо дигар хабарнигорон баъди нишасти хабарӣ аз як меҳмонсаро берун мешуданд, афроди ношинос сӯи онҳо аз мошин оташ кушоданд.


Назар Абдулвоҳид ал-Радҳӣ аз хабарнигори маъруфи ироқӣ буд ва бо чандин нашрияву хабаргузориҳои дигар низ ҳамкорӣ мекард.


Ӯ дуввумин хабарнигори Радиои Озодист, ки тайи ду моҳи ахир дар Ироқ кушта шудаанд. Авоили моҳи апрел афроди мусаллаҳ Ҳумайл Муҳсин Халафро рабуда ба қатл расонда буданд.
XS
SM
MD
LG