Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мадрид барномаи ҳастаии Теҳрон баррасӣ мешавад


ск

Имрӯз, 31 май, дар шаҳри Мадрид - пойтахти Испания раиси бахши равобити байнулмилалии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алии Лориҷонӣ масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунанд.


Қаблан, мақомоти Эрон хабар дода буданд, ки ин мулоқот бо ризояти тарафайн мавқуф гузошта шудааст ва аммо баъдан вазорати хориҷаи кишвар ин иттилоъро такзиб кард.


Дирӯз, 30 май, вазирони хориҷаи ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам (G-8) дар нишасти худ дар шаҳри Потсдами Олмон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки Теҳрон бо вуҷуди таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони милал ғанисозии ураниумро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG