Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Энергетик" - "ХИМА" - 0 : 1


Голи ягонаро дар ин бозӣ Сӯҳроб Ҳамидов дар дақиқаи 45-ум аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ба самар расонд. Ин ғалаба ба дастаи «ХИМА» имкон дод, ки бо 11 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот як зина боло - ба ҷойи панҷум барояд. «Энергетик» бо 7 имтиёз мавқеъашро дар зинаи ҳафтум нигаҳ дошт.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар ҳамаи ҳашт бозӣ пирӯз гаштааст, дар айни ҳол бо 24 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 14 имтиёз аз 7 бозӣ дар зинаи севвум ҷойгир шудааст.

Нӯъмон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» бо 7 гол ҳоло беҳтарин голзани мусобиқот мебошад.

Бозиҳои даври нӯҳуми мусобиқот рӯзҳои 2-юму 3-юми июн баргузор мешаванд.


Рӯзи 31-уми май дастаи мунтахаби армрестлинг ё дастхобонии Тоҷикистон барои ширкат дар шашумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии армспорти Осиё ба Қирғизистон сафар мекунад.

Нодир Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати даста 27 варзишгар дохиланд, ки байни онҳо барандагону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, монанди Акмал Қодиров, Ҳусейн Қурбонов, Хисрав Ҷумъаев, Лола Ризоқулова, Марҳабо Шамсиддинова ва дигарон ҳастанд. Мусобиқот бо ширкати зӯртарин варзишгарони кишварҳои қорра тӯли се рӯз - аз 4-ум то 6-уми июн дар Иссиқкӯл баргузор мешавад.»
XS
SM
MD
LG