Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши нави бонувони сиёсатмадори тоҷик


им

Ҷамъе аз занони фаъоли Тоҷикистон дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе хостори таъсиси як созмон ва ё ҳаракати бонувони пешгоми кишвар шуданд. Онҳо бар ин назаранд, ки тайи чанд соли ахир бонувони сиёсатмадор ва шоиста аз мақомҳои давлатӣ дур андохта шуданд ва ё дар вазифаҳои поинтар таъин гардиданд. Ба ин хотир, созмонҳои ғайриҳукуматии масоили занони Тоҷикистон ҳамдаст бо бонувони фаъоли ҳизбҳои сиёсӣ мегӯянд, қасд доранд як феҳрасти мураттаб аз исми бонувони шоиста ба идораи давлат ва мақомҳои олирутбаи ниҳодҳои давлатиро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.


Шаҳло Ҷӯраева, раиси созмони ғайриҳукуматии мавсум ба «Ҷаҳон» ва муассиси ҳамоиши бонувон, дар ин робита гуфт, феълан ба истилоҳ як маркази маълумоти занони лидер, ё пешгом бунёд мегардад, ки дар он иттилоъи лозим пиромуни ҳолномаи ин бонувон гирд оварда мешавад.

Ҳуринисо Ғаффорзода, сарвари созмони «Оштии миллӣ» ва аз иштирокдорони ин ҳамоиш низ гуфт, нахустин имтиҳон барои аъзои Созмон ва ё Ҳаракати нави бонувони пешвои Тоҷикистон ширкат дар интихоботи порлумонии се соли баъд аст, ки ба даъвои ӯ, феълан шумори афзуни занон дар маҳалҳо барои ин рақобатҳо омодагӣ мебинанд ва дар сурати баргузор шудани интихоботи шаффофу одилона, теъдоди назарраси курсиҳои парлумонро ишғол хоҳанд кард.

Феҳрасти бонувони шоиста бар ишғоли мақомҳои давлатӣ, ки қарор аст аз сӯи бонувони фаъоли кишвар ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардад, ҳанӯз ба дасти расонаҳо нарасидааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG