Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси раиси идораи газ ҳангоми ришвагирӣ


Кормандони Оҷонси давлатии назорати молӣ ва мубориза алайҳи фасод дар вилояти Суғд, раиси корхонаи «Тоҷикгаз» дар ноҳияи Қайроқумро ба ҳангоми гирифтани ришва боздошт кардаанд.

Тибқи иттиллои як мақоми ин ниҳод, Маҳмадӣ Ҷӯрахонов - раиси корхонаи «Қайроқумгаз» ба ҳангоми гирифтани як ҳазор доллар ришва аз нафаре бар ивази таъини ӯ ба вазифа дар ин корхона, дар утоқи кории худ боздошт шудааст. Вале мақомоти ин Оҷонсӣ ба далели халал науфтодан дар ҷараёни таҳқиқи қазия аз ифшои ҷузъиёти бештари он худдорӣ карданд.

Мақомоти Оҷонси давлатии назорати молӣ ва мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир алайҳи раиси пешини Қайроққумгоз парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда ва корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Ба таъйиди ҳамин манобеъ аз аввали соли равон то ҳоли ҳозир бо иттиҳоми фасодкорӣ 12 парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъулини идороти давлатӣ боз шудааст.


Дар як ҳафтаи пеш Оҷонси давлатии назорати молӣ ва мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон бо нашри хабар аз фаъолияти анҷомдодаи худ тайи ин муддат аз ифшои мавориди зиёди фасод ва сирқати маболиғ дар ду вазорати пешини умури изтирорӣ ва мухобирот ва Кумитаи давлатии сарҳадоти пешини ин кишвар эълом карда буд.
Гуфта мешуд, ки бархе аз масъулини ин ниҳодҳои давлатӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ даст ба тасарруфи маболиғи буҷаи давлатӣ зада ва аз ин ҳисоб бар суди шахсӣ истифода кардаанд.
Гуфтанист, ки Тоҷикистон дар асоси гузориши ахири созмони Шаффофият ё Транспаренси Интернешинл дар қатори даҳ кишвари фасодзадаи олам ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG