Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷоми тамриноти низомӣ дар Бадахшон


vi

Машқҳои муштараки ҷузву томҳои Вазорати дифоъ ва нерӯҳои марзбонӣ зери унвони «Ҳифз - 2007» бо баргузории намоиши идонаи ҳарбӣ дар майдони ҳавоии маркази устони Бадахшон анҷом ёфтанд.


Вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ҳадафи баргузории машқҳоро ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ, нобудсозии онҳо ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар сурати вуқӯъи хатароти эҳтимолӣ унвон кард. Вай гуфт, барои нахустин бор дар Бадахшон ин гуна тамринот баргузор гардиданд ва ҳайъати шахсӣ вазифаи дар наздашон гузошташударо бо муваффақият ба иҷро расондааст.


Дар ҳамин ҳол, нимаи рӯзи 25-уми май дар ҳавлии як сокини шаҳр таркиш ба вуқӯъ пайваст. Сардори раёсати муҳандисии Вазорати мудофиа Абдуқаҳҳор Сатторов эҳтимолияти аз размоишгоҳ ба таври тасодуфӣ шиллик шудани моддаи таркандаро рад намуда гуфт, ки дар он ҷо чунин силоҳи дурзан, ки битавонад ба масофаи 5- 6 км байни размоишгоҳ ва маркази устон гулӯла партоб кунад, вуҷуд надорад. Намояндаи додситонии шаҳри Хоруғ гуфт, ки бар асари таркиш ба касе хисороти ҷонӣ ва молӣ нарасидааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Бадахшон
XS
SM
MD
LG