Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури ҳукми қатл ба як мақоми чиноӣ бо ҷурми фасодзадагӣ


bf

Додгоҳи Чин собиқ раиси идораи назорати хӯрокворӣ ва дорувории ин кишварро бо ҷурми фасод ба қатл маҳкум кард.


Хабаргузории давлатии Синҳуа иттилоъ медиҳад, ки Додгоҳи Пекин Женг Саоюйро бо ҷурми фасод ва сӯиистифода аз мансаб ба эъдом маҳкум кард.


Синҳуа навиштааст, ки Женг ҳақ дорад, бознигарии парвандаро талаб намояд.


Женг соли 2005-ум баъди ҳафт соли раҳбарии Идораи назорати хӯрокворӣ ва доруворӣ барканор шуда буд. Имсол ӯро аз сафи ҳизби коммунисти Чин ҳам берун карданд.
XS
SM
MD
LG