Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: иттиҳоми се нафар ба ҷосусӣ


IA

Эрон эълон кард, ки се амрикоии эронитаборро ба ҷосусӣ муттаҳам кардааст. Ин айбномаҳо равобити Ҷумҳурии Исломии Эронро бо ИМА муташанниҷ мекунанд.


Сухангӯи додгоҳи Эрон Алӣ Ризо Ҷамшедӣ мегӯяд: донишманди улуми иҷтимоъӣ Киёни Тоҷбахш ба ҷосусӣ муттаҳам дониста мешавад. Номбурда дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи «Ҷомиъаи боз» ифои вазифа мекунад.


Вазорати корҳои дохилии Эрон шореҳи 67-солаи умури Ховари Миёна хонум Ҳолаи Исфандиёриро ҳам бо ҷосусӣ муттаҳам мекунад.


Алиризои Ҷамшедӣ ҳамчунин гуфт, ки хабарнигори родиюи «Фардо» хонум Паринози Азимо низ бо ҷосусӣ муттаҳам дониста мешавад, вале феълан баъди пардохти кафолатпулӣ ӯро аз зиндон озод кардаанд.


Дар ҳоли ҳозир ҳамаи муттаҳамин мунтазири муҳокима дар додгоҳ мебошанд.
XS
SM
MD
LG