Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистону Афғонистон ба ҳам даст медиҳанд


IA

Вазири корҳои хориҷии Покистон Хуршед Касурӣ гуфтааст, ки ҳамкории кишвараш бо Афғонистони ҳамсоя шарти зарурии идомаи иттиҳоди Покистон бо ИМА мебошад.


Вазири покистонӣ меафзояд: «Вашингтон дарк мекунад, ки Покистон дар ояндаи Афғонистон нақши бунёдӣ хоҳад дошт».


Дар ҳамин ҳол фардо, 30 май, дар шаҳри Потсдами Олмон вазири хориҷаи Покистон бо ҳамтои афғонистонии худ Рангин Додфари Спанто мулоқот хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG