Пайвандҳои дастрасӣ

Кнессет: тақдири норавшани эътилофи ҳоким


Шикасти вазири дифоъи Исроил Амир Перетс дар интихоботи раҳбари Ҳизби кор ё худ «Авода» сарнавишти эътилофи ҳоким ва, ҳамоно, кобинаи сарвазир Эҳуд Олмертро таҳтушшуъоъ қарор медиҳад.


Дар раъйгирии рӯзи душанбе, 28-уми май, Амир Перетс бо касби тақрибан 22 дарсад раъйи мувофиқи аъзои ҳизбаш танҳо ба мақоми севвум даст ёфт. Ин дар ҳолест, ки сарвазири пешини Исроил Эҳуд Борак ҳудуди 36 дарсад ва Амӣ Аялон, раҳбари собиқи хадамоти амнияти Исроил, 31 дарсад пуштибонии аъзои ҳизби «Авода»-ро ба даст оварда, акнун дар даври ниҳоии раъйгирии дохилиҳизбӣ, ки дар таърихи 12-уми моҳи июн баргузор мегардад, барои курсии раҳбари Ҳизби кор мубориза хоҳанд бурд.


Ҳанӯз равшан нест, ки онҳо бо хурӯҷи «Авода» аз эътилоф бо кадом зудӣ ба шикаст додани давлати Эҳуд Олмерт иқдом хоҳанд кард. Ончи маълум аст, ин аст, ки дар сурати хурӯҷи ҳизби «Авода» аз кобинаи вузаро эътилофи таҳти раҳбарии Олмерт пуштибонии аксариятро дар Кнессет, порлумони Исроил, аз даст хоҳад дод.


Эҳуд Борак, яке аз номзадҳо ба мақоми раҳбари Ҳизби кори Исроил, ки як муддати кӯтоҳ сарвазири Исроил низ буд, инак, баъди тақрибан 6 соли дар бадарғаи сиёсӣ буданаш дубора ба саҳнаи сиёсии кишвар бармегардад.


Ба иттилоъи «Ассошиэйтед Пресс», Амӣ Аялон, рақиби Борак дар даври дуввуми интихоботи раҳбари «Авода», қавл додааст, ки, агар ҳизби «Кадима» ба ҷои Эҳуд Олмерт як раҳбари дигар интихоб накунад, ӯ Ҳизби корро аз ин эътилоф хоҳад баровард.


Ва ин дар ҳолест, ки бахши аъзаме аз раҳбарияти «Авода» дар эътилофи ҳоким боқӣ мондани ҳизбро бар эҳтимоли нокомӣ дар интихоботи пешазмуҳлат тарҷеҳ медиҳанд. Хосса, дар ҳолеки, бар тибқи натоиҷи назарсанҷиҳои ахир, дар сурати баргузории интихоботи ҷадид ҳизби тундрави «Ликуд» ба раҳбарии Бинямин Натаняҳу шонси бештари пирӯзӣ дорад, то «Кадима» ё «Авода», ки феълан бо ташкили як эътилоф давлати Исроилро, ба истилоҳ, дудаста раҳбарӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG