Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асари нав дар шинохти Мавлавӣ


Нашриёти «Нодир» ахиран китоби пажӯҳишгари тоҷик Гурез Сафарзодаро бо номи «Хуршеди олами ирфон» нашр кардааст.


Ин китоб иборат аз 500 саҳифа талоше дар дарк ва шинохти шахсияти Ҷалолиддини Балхӣ, шоир, ориф ва мутафаккири барҷастаи асрҳои миёна, ва ҳамчунин дастуре дар мавриди усули тадриси «Маснавии маънавӣ»-и ӯ мебошад. Бахши дувуми ин китоб ба усули таълиму тадриси маснавӣ дар макотиби миёнаву олии Тоҷикистон бахшида шудааст.


Ин китоб нахустин иқдом дар муаррифии бештари Мавлавӣ дар Тоҷикистон буда, дар чаҳорчӯби бузургдошти 800-солагии ӯ, ки имсол бо қарори ЮНЕСКО таҷлил мегардад, интишор ёфтааст.
XS
SM
MD
LG