Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари ҷавонони тоҷик ба музокироти Эрону Амрико


Умед, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, шояд дар ҷараёни музокирот тарафайн дар баъзе масъалаҳо ба тавофуқ бирасанд, аммо куллан муваффақ шудани Амрико дар ба эътидол овардани авзоъ дар Ироқ мушкил аст.

Як мусоҳиби дигари мо Фазлиддин нисбати натиҷаҳои ин гуфтушунид хушбин набуда, баргузории ин музокиротро як навъ бозии сиёсии Амрико медонад. Вай мегуяд, ки ҳадафи аслии Амрико на амнитяи Ироқ, балки барномаи ҳастаии Ирон мебошад.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиноси ҷавон Абдуллоҳи Қодирӣ бар ин назар аст, ки музокироти миёни Амрикову Эрон дар Ироқ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад барои идомаи музокироти дигар миёни ин ду кишвар созгор бошад. Ба қавли Абдуллоҳи Қодирӣ, бо дарназардошти афкори умумии Эрон, ҷомиъаи ин кишвар ҳанӯз омодаи пазириши гуфтушунид бо Амрико набудааст.

Як ҷавондухтари тоҷик бо исми Зулола дар робита ба ин мавзӯъ мегӯяд, агар Амрико хостори ҳал кардани мушкилоти худ бо Эрон бошад, пас бояд президенти Амрико Ҷорҷ Буш пешниҳоди раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод оид ба баргузории музокироти мустақимро қабул намояд. Ба қавли ӯ, идомаи мухолифат ва бархӯрди Эрону Амрико ба Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад буд.

Аксари мусоҳибони ҷавони мо бар ин назар буданд, ки барои поён додани душманӣ Амрикову Эронро лозим аст аз бисёр шартҳо ва иттиҳомҳои ба ҳам доштаашон сарфи назар кунанд.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG